Форварди хорватии бошгоҳи футболи “Ювентус” - Марио Манджукич пешниҳоди соҳибмулкони дастаи “ПСЖ”-ро рад намуд. Тибқи хабаргузории журналист Ҷанлуки Ди Мартсио финалисти Чемпионати ҷаҳон-2018 яку якбора се пешниҳоди миллиардерҳои қатарии дастаи “ПСЖ”-ро рад намуда, ба онҳо гуфтааст, ки хоҳиши тарк намудани “Ювентус”-ро надорад. Ояндаи Манджукич низ дар дастаи туринӣ то ҳол номаълум аст.