LIVE

Криштиану Роналду дар Италия муваффақ нест

Ҳамлавари португалии бошгоҳи «Ювентус» Криштиану Роналду дар бозии даври 12-уми Серияи А бар муқобили тими “Милан” (1:0) дар дақиқаи 56-ум бо ҳамлавар Пауло Дибала иваз карда шуд. Футболбозӣ португалӣ ҳангоми иваз шуданаш аз майдон бо сармураббии даста Маурисио Сарри дастфишорӣ накардаст. Баъди ин бозӣ Криштиану Роналду норозигии худро нисбати сармураббӣ баён намудааст. Тибқи хабаргузории Sky Sport Italia бозигари 34 сола 20 дақиқа пеш аз анҷоми бозӣ майдонро тарк намудааст. Маврид ба ёдоварист, ки Маурисио Сарри дар ду бозии охир Роналдуро аз майдон иваз мекунанд, ки ин амал боиси руҳафтодагии ӯ мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив