LIVE

Пирӯзии навбатии "Ювентус"

Бошгоҳи “Ювентус” ғалабаи 7-уми хешро дар Чемпионати Италия соҳиб шуд. Туриниҳо дар бозии хонагии даври 8-уми Серияи А тими “Болоня”-ро пешвоз гирифтанд. Бозии бошгоҳҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба суди туриниҳо хотима ёфт. Дар ин вохӯрӣ голҳои ғолибонро Криштиану Роналду ва Миралем Пянич ба ҳадаф расониданд. Ягона тӯби меҳмононро Данило муаллифӣ кард. Дастаи Маурисио Сарри дар ҳоли ҳозир садрнишини ҷадвали Серияи А ба ҳисоб меравад.
Чемпионати Италия. Серия А. Даври 8-ум
«Ювентус» (Турин) — «Болоня» (Болоня) — 2:1 (1:1)
Голҳо: Роналду, 20. Пянич, 54 — Данило, 26.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив