LIVE

«Ювентус» ҳанӯз беҳтарин дастаи Италия аст. Инро дар Милан исбот кард

Баъд аз омадани коршиноси итолиёвӣ - Антонио Конте ба ҳайси сармураббии бошгоҳи “Интер” ин даста ба кули тағйир ёфт. Дар шаш даври сипаришудаи Серияи А дастаи “Интер” чӣ дар меҳмонӣ ва чӣ дар хонааш аз рақибон маҷбуран имтиёз меситонд. Дар бозии марказии даври 7-уми Чемпионати Италия шогирдони Антонио Контеро имтиҳони басо сахту сангин интизор буд, чаро ки онҳоро қаҳрамони абадии нимҷазираи Апеннин дастаи “Ювентус”-и бузург интизор буд. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи қадимаи «Ҷузеппе Меатса»-и шаҳри Милан баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди дастпарварони Маурисио Сарри анҷом ёфт. Тақдирсози ин бозӣ ворис ва ҳамватанони Месси буданд, чаро ки дар классикои Италия ҳар се голи ин рақобатро футболбозони аргентинӣ ба номи худ муҳр заданд. Ҳамин тавр рақобат барои меҳмонон бо барор оғоз шуд, чаро ки дар дақиқаи 4-уми нерусанҷӣ ҳамлавари ҷавон “Ювентус” - Пауло Дибала бо зарбаи нишонрасаш ҳисобро боз кард. Баъд аз гузора шудани якчанд дақиқа ҳамлавари соҳибноми дастаи “Интер” - Лаутаро Мартинес аз зарбаи ҷаримавии 11 метра ҳисобро боз кард. Дар ин дидор голи пирӯзиоварро ҳамлавари дигари аргентинии туриниҳо Гонсало Игуаини дастон ба самар расонида, ғалабаи дастаашро таъмин сохт. Баъди ин муваффақият дастаи “Ювентус” бо касби 19 хол ба садри ҷадвал роҳ ёфт. Тими “Интер” бошад, бо доштани 18 имтиёз зинаи дуюмро ба худ ихтисос додааст.

Чемпионати Италия
Серия А
Даври 7-ум
«Интер» — «Ювентус» — 1:2 (1:1)
Голҳо: Дибала, 4 (0:1). Мартинес, 18 — пеналти (1:1). Игуаин, 80 (1:2).

«Интер»: Ханданович, Годин (Бастони, 54), де Фрай, Шкриняр,  Д`Амброзио, Барелла, Брозович, Сенси (Весино, 34), Асамоа, Лукаку, Мартинес (Политано, 78).

«Ювентус»: Шенсни, Куадрадо, Бонуччи, де Лигт, Сандру, Пянич, Матюиди, Хедира (Бентанкур, 62), Бернардески (Игуаин, 62), Дибала (Эмре Ҷан, 71), Криштиану Роналду.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив