LIVE

Пирӯзии бузурги "ПСЖ" бар "Нитса"

Бошгоҳи футболи “ПСЖ” дар рақобатҳои даври 10-уми Чемпионати Фаронса бо тими “Нитса” дидор анҷом дод. Майдондории ин ду дастаи бо ҳам рақиб пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби калони 4:1 ба суди қаҳрамони феълии ин кишвар хотима ёфт. Дар ин дидор ниммуҳофизатгари аргентинии “ПСЖ” Анхел Ди Мария муаллифи дубл шуда, як голии дигарро ҳамлаварон Килиан Мбаппе ва Мауро Икарди ба номи хеш муҳр заданд. Ягона тӯби мағлубшудагонро Кпене-Ганаго ба самар расонид. Хотиррасон мекунем, ки дар ин бозӣ довар ду футболбози “Нитса”-ро барои рафтори ғайриварзишиашон аз майдон ронд. Дар ҳоли ҳозир “ПСЖ” бо касби 24 хол садрнишини ҷадвали Лигаи 1-ум ба ҳисоб меравад. Ёдовар мешавем, ки ин мавсим шумораи бештари голҳои “ПСЖ”-ро футболбозони аргентинӣ ба монанди Анхел Ди Мария ва Мауро Икарди ба самар расонидаанд. 
Чемпионати Фаронса. Лига 1. Даври 10-ум 
«Нитса» (Нитса) — «ПСЖ» (Париж) — 1:4 (0:2)
Голҳо: Кпене-Ганаго, 67. Ди Мария, 15, 21. Мбаппе, 88. Икарди, 90.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив