LIVE

Мауро Икарди дар бошгоҳи феълияш боқӣ хоҳад монд

Чанде аз расонаҳои муътамади хабарӣ яку якбора иброз намуданд,ки ҳамлавари Интер Мауро Икарди дар фурсатҳои наздик бозингари Монако хоҳад шуд ва чанде аз сарчашмаҳо ҳатто дар бораи ҷузъиётҳои ин трансфер хабар дода буданд,вале завҷаи Икарди Ванда Нара,ки ҳамчунин агенти ӯ мебошад,чунин хабарҳоро рад намуд ва бо ҳамин эълон кардааст,ки Мауро ба Монако намепайвандад. Бо ҳамин то ҳол ояндаи Икарди норушан аст. Ёдрас мекунем,ки тибқи расонаҳои итолиявӣ гӯё,ки чанде пеш Икарди бо Ювентус ба тавофуқ расида буд,вале чунин гузариш ҳам амалӣ нашуд. Айни ҳол бошад Икарди дар "Интер" рақами ҳафтро гирифтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив