LIVE

Роналду соҳиби ҷоизаи “Легенда” шуд

Ҳамлавари португалии бошгоҳи “Ювентус” – Криштиану Роналду дубора ба Испания баргашт. Футболбози португалӣ аз тарафи маҷаллаи Marca ҷоизаи “Легенда”-ро соҳиб гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ президенти бошгоҳи “Реал” – Флорентино Перес ва инчунин агенти Криш – Жорже Мендеш низ ширкат доштанд. Ҷоизаи мазкурро Флорентино Перес ба Роналду тақдим намуд. Ёдовар мешавем, ки ин ҷоиза сар аз соли 1997 ба соҳибаш тақдим карда мешавад. Қаблан Лео Месси, Диего Марадона, Майкл Фелпс, Михаэл Шумахер ва инчунин Майкл Ҷордан ба гирифтани ин мукофот даст ёфта буданд. Роналду дар тӯли корномаи варзишиаш ба гирифтани 29 ҷоиза шарафёб гардидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив