LIVE

«Ювентус» дар мубориза барои Холанд пирӯз шуд

Футболбози ҷавони «РБ Залтсбург» - Эрлинг Холанд аз миёни дастаҳои маъруфи аврупоӣ чемпионати Италияро интихоб кард. Дар ин бора Football Italia иттилоъ додааст. Туриниҳо ҳамлагари умедбахшро бовар сохтанд то тими онҳоро интихоб кунад. Интизор меравад, ки Холанд дар мавсими гузариши зимистона, расман бозигари «Ювентус» мешавад. Арзиши ин муомилот  30 млн €-ро дар бар мегирад. Ёдовар мешавем, ки то лаҳзаҳои охир барои ин футболбоз дастаҳои «Манчестер Юнайтед», «Боруссия» ва «Милан» талош доштанд. Таҳлилгарон дар ин мубориза бештар девҳои сурхро довталаб меҳисобиданд. 
Дар мавсими ҷорӣ ин ҳамлагари 19 сола дар 14 бозии Бундеслигаи Австрия ба майдон баромада, ба задани 16 гол даст ёфт. Ҳамчунин ӯ дар Лигаи чемпионҳо 8 гол задааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив