Тибқи иттилои “Goal.com” ҳамлагари бошгоҳи “Барселона” Лионел Месси дар бозии нахустини Лига чемпионҳои дастааш дар мавсими нав бар муқобили тими “Боруссия”-и Дортмунд аз Олмон ба майдон баромада наметавонад. Зеро то кунун ӯ натавонистааст аз осеби дар оғози моҳи август бардоштааш озод шавад. Инчунин чанде пеш маълум шуд, ки Месси дар бозӣ бо тими “Валенсия”, ки рӯзи 14-уми сентябр доир мешавад иштирок карда наметаонад.