LIVE

Норвегии 19-сола рекордҳои ван Бастен,Симеоне ва Дрогбаро такрор кард

Ҳамлавари бошгоҳи футболи австриягии  “Залтсбург” Эрлинг Холанд нишондодҳои рекордии Марко ван Бастени ҳолландӣ, Диего Симеонеи аргентниӣ ва собиқ футболбози “Челси” ва мунтахаби Кот д’Ивуар Дидйе Дрогбаро такрор намуд.
 Чӣ тавре,ки хадамоти матбуотии УЕФА дар “твиттер”-и хеш хабар медиҳад ин норвегии 19-сола чорумин бозингаре дар таърих шуд,ки чор гол дар ду бозии нахусти хеш дар Лигаи Қаҳрамонҳо вориди дарвозаи ҳарифон намудааст. Қобили қайд аст,ки Холанд дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳо бар муқобили “Ливерпул”  низ ба задани гол даст ёфт. Дидори мазкур дар варзишгоҳи “Энфилд” баргузор шуда, бо пирузии ҷониби британӣ бо ҳисоби 4:3 хотима ёфт. Пештар бошад ин норвегӣ вақти бозӣ бо “Генк”-и белгиявӣ (6:2) ҳет-трик намуда буд.
Дар гурӯҳ бошад айни ҳол  “Ливерпул” ва “Залтсбург” 3 холӣ дошта,садрнишинони гурӯҳ мебошанд.  Дар  даври навбатӣ “Залтсбург” дар майдони худ  “Наполи”-ро қабул намуда, “Ливерпул” бошад дар сафар бо “Генк” ба майдон мебарояд. Ҳардуи ин бозиҳо санаи 23-юми октябр доир мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив