Рақобатҳои даври дуюми Лигаи Чемпионҳои Аврупо ба анҷом расиданд. Дар бозиҳои мазкур мо шоҳиди якчанд ҳангомаҳо шудем. Бошгоҳи “Зенит” дар хонааш ба таври ҳангомавӣ тими “Бенфика”-и Португалияро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Тими “Валенсия” бошад, дар майдонаш аз дастаи “Аякс”-и Ҳолланд шикаст хурд, ки ин боиси гиряи сарвони ин даста Даниэл Парехо гардид. “Барселона” бошад, бо мушкилӣ бошгоҳи “Интер”-ро шикаст дода, тамоми мухлисонашро шод кард.
Гурӯҳи Е
«Генк» (Белгия) — «Наполи» (Италия) — 0:0
«Ливерпул» (Англия) — «Залтсбург» (Австрия) — 4:3 (3:1)
Голҳо: Мане, 9; Робертсон, 25; Салоҳ, 36; Салоҳ, 69 — Хван Хи Чхан, 39; Минамино, 56; Холанн, 60.
Гурӯҳи F
«Славия» (Чехия) — «Боруссия» (Олмон) — 0:2 (0:1)
Голҳо: Ҳакимӣ, 35; Ҳакимӣ, 89.
«Барселона» (Испания) — «Интер» (Италия) — 2:1 (0:1)
Голҳо: Суарес, 58; Суарес, 84 — Мартинес, 3.
Гурӯҳи G
«Зенит» (Россия) — «Бенфика» (Португалия) — 3:1 (1:0)
Голҳо: Дзюба, 22; Диас, 70 (худгол); Озмун, 78 — Де Томас, 85.
«РБ Лейптсиг» (Олмон) — «Лион» (Фаронса) — 0:2 (0:1)
Голҳо: Депай, 11; Терйе, 65.
Гурӯҳи H
«Валенсия» (Испания) — «Аякс» (Нидерландия) — 0:3 (0:2)
Голҳо: Зиеш, 8; Промес, 34; ван де Бек, 67.
«Лилл» (Фаронса) — «Челси» (Англия) — 1:2 (0:1)
Голҳо: Осимен, 33 — Абрахам, 22; Виллиан, 78.