LIVE

Ҷоизаи Golden Boy-ро кӣ ба даст овард?

Ҳамлагари “Боруссия”-и Дортмунд - Эрлинг Ҳолланди 20-сола аз Норвегия ҷоизаи Golden Boy-ро ба даст овард. Унвони мазкур барои беҳтарин футболбози ҷавони то синни 21-солаи Аврупо ҳамасола дода мешавад. Ёдовар мешавем, ки ба рӯйхати ниҳоии номзадҳо барои соҳибшудани ҷойзаи Golden Boy чунин футболбозони маъруф, ба мисли Эдуардо Камавинга (Ренн), Алфонсо Дэвис (Бавария), Сержино Дест (Барселона), Ансу Фати (Барселона), Фил Фоден (Манчестер Сити), Ҷеймс Ҳудсон-Одои (Челси), Дежан Кулусевски (Ювентус), Ҷадон Санчо (Боруссия Дортмунд), Сандро Тонали (Милан), Ферран Торрес (Манчестер Сити) ва Винисиус Юниор ( "Реал Мадрид") шомил буданд. Қаблан ҷоизаро ҳамлагари “Атлетико”-Жоу Фелиш (2019), ҳимоятгари “Ювентус” - Маттис де Лигт (2018) ва ҳамлагари “Пари Сен-Жермен”- Килиан Мбаппе (2017) соҳиб гардида буданд
Хотиррасон менамоем, ки Эрлинг Ҳолланд моҳи январи соли 2020 футболбози “Боруссия” шуд. Имсол ӯ дар тамоми мусбиқаҳо бо пироҳани тими олмонӣ 29 бозӣ гузаронида, 27 гол зада, 6 партофт анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив