LIVE

Имсол кӣ “Писари тиллоӣ” мешавад?

Маҷаллаи Tuttosport исми муддаиёни беҳтарин футболбозони ҷавони Аврупоро дар соли 2019 мунташир намудааст. Дар рӯйхати муддаиёни “Писари тиллоӣ” ё ба истилоҳ “Golden Boy” Матейс де Лигт («Аякс»), Винисиус, Андрей Лунин (ҳарду — «Реал»), Фил Фоден («Манчестер Сити»), Маттео Гендузи («Аренал»), Каллум Хадсон-Одои («Челси»), Ҷейдон Санчо («Боруссия» Д), Кай Хавертс («Байер»), Мойзе Кин («Ювентус»), Ҷанлуиҷи Доннарумма («Милан») ва якчанд футболбози дигар шомил шуданд. Дар рӯйхат ҳамагӣ 100 футболбози ҷавон ворид шудааст. Ғолиб тибқи овоздиҳии журналистони соҳаи варзиш муайян карда мешавад. Хотиррасон мекунем, ки ҷоизаи “Писари тиллоӣ”-ро дар соли 2018 сарвони бошгоҳи “Аякс” Матейс де Лигт соҳиб шуда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив