LIVE

Довталаби “Тӯби тиллоӣ” кист? Левандовски, Месси ё Роналду

Созмони маъруфи Goal феҳристи муддаиёни асосиро барои ба даст овардани “Тӯби тиллоӣ” нашр кард. Садрнишини раддабандӣ, ҳамлагари «Бавария» ва тими миллии Полша - Роберт Левандовски гардид. Зинаи дуюмро ҳамлагари аргентинии «Барселона» - Лионел Месси ишғол мекунад. Дар зинаи сеюм нишонзани «Ювентус» ва мунтахаби Португалия - Криштиану Роналду қарор гирифт.
Топ-10 довталаб барои ба даст овардани «Тӯби тиллоӣ» аз рӯи фарзияи Goal:
1. Роберт Левандовски («Бавария»)
2. Лионел Месси («Барселона»)
3. Криштиану Роналду («Ювентус»)
4. Кевин Де Брёйне («Манчестер Сити»)
5. Томас Мюллер («Бавария»)
6. Неймар («ПСЖ»)
7. Эрлинг Холанд («Боруссия» Дортмунд)
8. Килиан Мбаппе («ПСЖ»)
9. Ҷейдон Санчо («Боруссия» Дортмунд)
10. Серж Гнабри («Бавария»)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив