LIVE

Дар як бозии Бундеслига 3 рекорд гузошта шуд

«Бавария» дар даври 30-юми Чемпионати Олмон дар бозӣ бар муқобили «Байер» (4:2) рекорди нав гузошт. 
«Бавария» нахустин дастае гардид, ки дар 30 бозӣ  ба дарвозаҳои рақибонаш 90 гол задааст. 
Дар даври 30-юми Бундеслига «Байер» дар майдони худ «Бавария»-ро қабул намуд. Бозӣ бо ҳисоби  4 бар 2 ба суди мюнхениҳо ба анҷом расид. Дар ҳайати «Бавария» Кингсли Коман, Серж Гнабри, Леон Гореттска ва Роберт Левандовски голзанӣ намуданд. Дар ин бозӣ ҳамчунин ҳамлагари асосӣ Роберт Левандовски ба задани 44 гол дар мавсим даст ёфт, ки ин беҳтарин нишондоди ӯмаҳсуб мешавад. Футболбози дигари «Бавария» - Томас Мюллер дар мавсими ҷорӣ 20 партофти головар аҷном дод, ки чунин нишондод аз мавсими солҳои1992-93 бори аввал аст, ки ба қайд гирифта мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив