LIVE

Нишондоди Левандовски аз Месси хубтар

Ҳамлагари «Бавария» ва мунтахаби Полша - Роберт Левандовски беҳтарин нишонзан дар соли 2019 гардид. Ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ сар аз 1-уми январи  соли 2019 Левандовски бо пироҳанҳои бошгоҳи «Бавария» ва тими миллии Полша, ба задани 54 гол дар 59 бозӣ даст ёфтааст.
Мақоми дуюмро аз рӯи ин нишондод ҳамлагари «Барселона» ва яккачини Аргентина - Лионел Месси бо 50 гол дар 58 вохӯрӣ ишғол кард.
Ба сегонаи беҳтаринҳо бошад, футболбози хати ҳуҷуми  «Пари Сен-Жермен» ва мунтахаби Фаронса - Килиан Мбаппе шомил шуд. Дар соли 2019 Мбаппе 49 маротиба ба майдони сабз баромада, 44 гол ба дарвозаҳои рақибон задааст. 
Левандовски аз соли 2014 инҷониб дар ҳайати бошгоҳи мюнхенӣ ҳунарнамоӣ мекунад ва футболбози мазкур бо ин даста 5 маротиба унвони қаҳрамониро дар Олмон ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив