LIVE

Ромелу Лукаку ба Англия бармегардад

Ҳамлагари 27-солаи белгиягии “Интер” -и Милан Ромелу Лукаку диққати "Манчестер Сити"-ро ба худ ҷалб кардааст. Хабар медиҳад The Telegraph. “Интер” ҳамлагарро тобистони соли 2019 бо маблағи 74 миллион евро аз “Манчестер Юнайтед” харидорӣ кардааст. Миланиҳо аз Сити 105 миллион евро хостаанд. Аммо шаҳриҳо нақша доранд, ки барои Лукаку 78,5 миллион евро сарф кунанд.
Ҳамлагари 27-солаи "Тоттенхэм Хотспур" Гарри Кейн низ дар рӯйхати “Манчестер Сити” қарор дорад, аммо лондониҳо иқрор шудаанд, ки ҳамлагари тими миллии Англияро дар ҳайати хеш нигоҳ медоранд. Ромелу Лукаку дар ҳайати "Интер"  - 60 бозӣ гузаронидааст, ки дар он 43 гол ва 8 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив