LIVE

Лукаку: Конте – беҳтарин сармураббӣ!

Ҳамлагари “Манчестер Юнайтед” Ромелу Лукаку сармураббии ҷадиди “Интер”-ро беҳтарин хонд. Бо иқрори футболбози белгиягӣ Антонио Конте беҳтарин коршиноси футбол аст.
“Ман ҳамеша ба футболи Италия майл доштам ва дорам. Орзуи бозӣ кардан дар ду чемпионатро дорам ПЛА ва Серия А. Пас аз гузариши Роналду Серия боз ҳам ҷолибтар гардида, футболи итолёвӣ нуфузи худро дучанд кард. Барои ман Антонио Конте беҳтарин сармураббӣ дар олами футбол аст” – қайд кард Лукаку дар суҳбат бо “Sport Mediaset”
Ёдовар мешавем, ки хабарҳо оиди трансфери Лукаку ба дастаи “Интер” пас аз хотимаи мавсим  хело зиёд ҳастанд, зеро футболбози белгиягӣ дар мавсими пушти сар гардида, дар “Манчетсер Юнайтед” он қадар бозии устувор нишон надод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив