LIVE

Лукаку дар Лигаи Аврупо рекорд гузошт

Ҳамлагари мунтахаби Белгия ва бошгоҳи “Интер” - Ромел Лукаку ба дастоварди бузург ноил гашт. Нишонзани тими миланӣ дар 11 бозии Лигаи Аврупо пай дар пай голзанӣ кард.  
Дар бозии даври нимниҳоии Лигаи Аврупо “Интер” бо  “Шахтёр” - Донетск (5:0) рақобат кард ва Лукаку ба задани ду гол даст ёфт. Ҳамчунин дар финал ба дарвозаи "Севиля" як гол зад.
Футболбози мунтахаби Белгия замоне, ки дар  «Эвертон» мавсими солҳои 2014/2015 ҳунарнамоӣ мекард, дар 5 бозӣ ба задани 8 гол даст ёфта буд, ҳамакнун дар ҳайати «Интер» ӯ дар 6 бозӣ 7 гол ба самар расонид.  Ромелу Лукаку моҳи августи соли 2019 ба “Интер” аз “Манчестер Юнайтед” гузариш кард. Трансфери ӯ дар таърихи гузаришҳои бошгоҳи шаҳри  Милан рекдорӣ маҳсуб мешавад. “Интер” барои бозингари мазкур 81,6 миллион евро пардохт кард. Беҳтарин голзани Лигаи Аврупо бозигари МЮ Фернадеш бо 8 гол гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив