Нишонзани «Интер» Ромелу Лукаку гуфтааст, ки ситораи «Ювентус» - Криштиану Роналду баъд аз як бозии мушкил ба ман иқрор шуд, ки дар Италия голзанӣ барояш корест басо мушкил.
— Роналду ба ман гуфт, ки мушкилтарин Лига дар ҷаҳон аз лиҳози сатҳи бозии муҳофизатӣ маҳз Италия аст. Ӯ гуфтааст, ки дар куҷое бози накардааст барош голзанӣ ба осонӣ даст медод, аммо серияи А - мушкилтарин макон барои анҷом додани ин кор маҳсуб мешавад. Агар Роналду чунин фикр мекунад, пас воқеан ҳам чунин аст, гуфтааст, Лукаку.
Роналду дар 14 бозӣ 10 гол задааст, ки ин бадтарин натиҷаи ӯ давоми 10 соли охир маҳсуб мешавад.