LIVE

Эшли Янг Премйер Лигаро ба Серия A иваз кард

Муҳофизатгар ва сарвони «Манчестер Юнайтед» - Эшли Янг тарки даста намуд. Роҳбарияти клуби англисӣ ҳарчанд талош карданд то барои як мавсими дигар ин футболбозро дар даста нигоҳ доранд, аммо Эшли Янг  билохира пешниҳоди “Интер”-ро қабул намуду ба ин дастаи итолёвӣ гузариш анҷом дод. Муҳофизатгари 34 сола корномаи варзишии хешро бо миланиҳо идома медиҳад. Қарордоди ҷонибҳо то охири мавсими ҷорӣ баста шудааст. Эшли Янг дар ҳайати девҳои сурх 250 бозӣ гузаронида, ба задани 19 гол даст ёфтааст. Янг соли 2011 аз «Астон Вилла» ба «Манчестер Юнайтед» гузариш намуда буд. Ин сеюмин футболбози «Манчестер Юнайтед» аст, ки ба “Интер” мегузарад. Қаблан ба ҳайати миланиҳо Алексис Санчес ва Ромелу Лукаку ыалб шуда буданд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив