LIVE

Мбапперо дар ПСЖ Ҳоланд иваз мекунад

"Пари Сен-Жермен" ба ҳамлагари норвегиягии "Боруссия Дортмунд" Эрлинг Ҳоланд таваҷҷӯҳ дорад.

Мувофиқи сарчашмаҳои хабарӣ, ҳамлагари 21-сола варианти хуб дар сурати рафтани  Килиан Мбаппе  аст. Ҳамчунин, ба гуфтаи як манбаъ ПСЖ аллакай бо агенти Ҳоланд Мино Райола музокиротро оғоз кардааст.
ПСЖ омода аст, ки ба Эрлинг маоши баландтаринро  аз 38 то 42 миллион евро пешниҳод кунад, ба истиснои бонусҳо. Парижиҳо бо ӯ шартномаи 2+1 пешниҳод карданианд. 
Шартномаи Ҳоланд бо "Боруссия Дортмунд" то соли 2024 ҳисоб карда мешавад, аммо тибқи  банди ҷубронпулӣ, норвегиягӣ метавонад дастаро дар моҳи июни соли 2022 ба маблағи 75 миллион евро тарк кунад.
Ҳоланд мехоҳад дар клуби нав дар як сол ҳадди ақал 30 миллион евро ба даст орад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив