LIVE

"Челси" дар талоши де Лигт

Ҳимоятгари "Ювентус"  Маттейс де Лигт корномаашро дар Англия идома медиҳад. 
Бошгоҳи "Челси"-и Лондон омода аст, ки барои  футболбози 22-сола 120 миллион евро пешниҳод кунад. Дар мавсими имсола футболбоз дар ҳайати “Ювентус” шаш бозӣ гузаронида, дар он як гол задааст. Transfermarkt арзиши футболбозро 75 миллион евро баҳо медиҳад.
Маълум аст, ки аз тобистони соли 2022 дар шартномаи де Лигт банди ҷубронпулӣ  зам карда мешавад. Он 150 миллион евро хоҳад буд. Шартномаи голландии 22-сола бо бошгоҳи туринӣ то тобистони соли 2024 эътибор дорад, аммо агенти футболбоз Мино Райола аллакай имкони тамдиди шартномаро баррасӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив