LIVE

"Юве" бо хоҳиши Роналду Бенземаро ба турин даъват кард

Хабаргузории Sportitalia мегӯяд, ҳамлагари “Реал Мадрид” - Карим Бензема метавонад фаъолияти худро дар "Ювентус" идома диҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамлагари “Ювентус “ - Криштиану Роналду мехоҳад ҳамдастаи собиқи худро дар клуби туринӣ бубинад ва аллакай ба ӯ пешниҳод кардааст, ки ба “Ювентус” гузарад. Роҳбарияти клуби итолёвӣ низ ба гузариши Бензема зид нестанд. Ба бошгоҳи шоҳона ду бозигари худ Дуглас Коста ва Алекс Сандроро бар ивази Бензема пешниҳод кардааст.
Карим Бензема аз соли 2009 шарафи клуби мадридиро дифоъ кардааст. Пеш аз ин, футболбози фаронсавӣ дар “Лион” бозӣ мекард. Бо “Реал Мадрид” ҳамлагари 32-сола то имрӯз 19 ҷоиза ба даст овардааст.
Роналду соли 2018 ба ҳайати “Ювентус” ҳамроҳ шуд. Маблағи гузариш 117 миллион евро буд. Шартномаи ҳамлагари 35-солаи португалӣ бо «Ювентус» то тобистони соли 2022 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив