LIVE

«Ювентус» роҳи халосӣ аз Роналдуро меҷӯяд

BBC Sport ва Diario Sport хабар додааст, ки ҳамлагари португалии даста - Криштиану Роналду тарки бошгоҳи туринӣ мекунад, зеро “Ювентус”тавони пардохти маоши ҳамлагари худро надорад.   
Роналду метавонад ба «ПСЖ» гузариш намояд, зеро парижиҳо ба ӯ таваҷҷуҳ доранд. Ҳамчунин пешниҳодҳо аз МЛС низ ҳаст.  Жорже Мендеш намояндаи футболбоз дастур гирифтааст, ки клуби нав барои Роналду пайдо кунад. 
“Давоми ним соли охир мо интизори пешниҳод аз «Реал» будем, аммо мадридиҳо хоҳиши бозхонд кардани ӯро надоранд”, иқрор шудааст Мендеш. 
«Ювентус» аз сабаби маоши баланди доштааш мехоҳад, ки ҳарчи зудтар аз Роналду ҷудо шавад ва ҳатто ӯро ба «Барселона» пешниҳод кардааст.
Криштиану Роналду дар «Ювентус» 23 млн евро дар як сол маблағ кор мекунад ва феълан аз миёни топ клубҳо касе омода нест, ки ба футболбоз чунин маблағи калон пардохт намояд.  Қарордоди ҳамкории "Ювентус" бо Роналду то соли 2022 баста шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив