LIVE

“Реал” Искоро бо Дибала иваз карданист

"Реал Мадрид" ба "Ювентус"  барои футболбози аргентинӣ - Пауло Дибала дархост пешниҳод кардааст. Sport Mediaset хабар додааст. 
Тибқи иттилои манбаъ, "бошгоҳи шоҳона" ният дорад, ки бозингарро дар равзанаи гузариши тобистона харидорӣ кунад. Барои кам кардани хароҷоти интиқол, “Реал” омода аст яке аз нимҳимоятгаронро ба созишнома дохил кунад - Тони Кроос ё Иско. Аммо суоли беҷавоб он аст, ки ин гузариш ба  туриниҳо писанд аст ё не?  
Дибала тобистони соли 2015 аз “Палермо” ба “Ювентус” гузариш карда буд. Маблағи трансфер 40 миллион евро буд. Дар мавсими гузашта ҳамлагари 26-сола дар 33 бозии чемпионати Италия ширкат варзида, 11 гол задааст. Шартномаи бозингар бо клуби итолёвӣ то тобистони соли 2022 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив