LIVE

Варан шартномаашро бо “Реал” тамдид накард

Тибқи иттилои AS бошгоҳи “Реал Мадрид” то ҳол  барои тамдиди шартнома бо ҳимоятгари фаронсавӣ - Рафаэл Варан ба мувофиқа расида наметавонад. Тибқи иттилои манбаъ тими “Шоҳона” ба бозингар то тобистони соли 2025 шартнома пешниҳод намудааст, аммо бо сабабҳои номаълум Варан пешниҳоди дастаро қабул накардааст. Рафаэл тобистони соли 2011 аз "Ланс" - и  Фаронса бо арзиши 10 млн ба "Реал Мадрид" гузашта буд. Ин мавсим бозигари  27-сола дар 23 бозии Чемпионати Испания ширкат варзида, муаллифи ду гол ва як партофти головар гардидааст. Шартномаи кунунии бозигар бо даста  то тобистони соли 2022 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив