LIVE

Роналду ҳамдастаи собиқашро ба Турин даъват кард

Бошгоҳи “Ювентус”-и шаҳри Турин ба ҳимоятгари Милани Интер - Тео Эрнандес мароқ зоҳир намудааст. Дар ин бора La Gazzetta dello Sport хабар медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ “Ювентус” ният дорад, ки Эрнандесро дар равзанаи гузариши тобистона харидорӣ кунад. Туринҳо омодаанд, ки барои Тео 45 миллион евро диҳанд. “Милан” барои ин футболбозаш на камтар аз 50 миллион евро мехоҳад. Эрнандес тобистони соли 2019 бо арзиши 20 миллион евро аз “Реал Мадрид” ба “Милан” гузашта буд. Дар ин мавсим ҳимоятгари 22-сола дар 22 бозии чемпионати Италия ширкат варзида, панҷ гол ва ду партофти самаровар анҷом додааст. Шартномаи Эрнандес бо миланиҳо то тобистони соли 2024 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив