Нимҳимоятгари бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» - Пол Погба шояд тобистони имсол ба дастаи собиқи худ - «Ювентус» гузарад. Дар ин бора рӯзноманигори La Gazzetta dello Sport - Николо Скира дар сомонаи твиттераш хабар дод. Тибқи иттилои сарчашма роҳбарияти «Ювентус» барои баргардонидани Погба дар гузаришҳои тобистона талош доранд. Ҳамчунин «Реал» ва «ПСЖ» ба ин футболбоз мароқ зоҳир намудаанд. Аз ин пеш хабар дода шуд, ки «Манчестер Юнайтед» омодааст бо арзиши 140 млн евро хавбеки фаронсавиро фурӯшад. Ёдовар мешавем, ки Пол Погба ба «Манчестер Юнайтед» аз «Ювентус» тобистони соли 2016 бо арзиши 105 млн евро омада буд. Дар мавсими ҷории Премйер-лигаи Англия дар 7 бозӣ вориди майдон гардида, ду партофти самаровар анҷом додааст.