LIVE

Се дастаи англисӣ дар талоши форварди рус

“Кристал Пэлас”, “Вест Хэм Юнайтед” ва «Брайтон энд Хоув» ба ҳамлагари “ССКА”-и Москва - Фёдор Чалов таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд, хабар медиҳад, рӯзномаи Daily Mirror. Тибқи иттилои манбаъ бошгоҳҳои Англия имкони ба даст овардани футболбозро дар равзанаи тобистона баррасӣ мекунанд. Арзиши форварди “ССКА” 27-миллион евро арзёбӣ мешавад. Тобистони соли гузашта барои Чалов бошгоҳи “Кристал Пэлас” 15,2 миллион евро пешниҳод кард, аммо бошгоҳи пойтахти Россия аз фурӯхтани ҳамлагари хеш даст кашид. Чалов дастпарвари академияи “ССКА” мебошад. Ин мавсим ҳамлагари 21-сола дар 22 бозии Чепионати Россия ширкат варзида, муаллифи панҷ гол гардида, инчунин ду партофти самаровар анҷом додааст. Шартномаи Фёдор Чалов бо дастаи кунунии хеш то тобистони соли 2022 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив