LIVE

“Манчестер Юнайтед” ба харидории дуввумин футболбози нав наздик аст

Дуввумин футболбози нави “Манчестер Юнайтед” дар трансфери тобистона пас аз Даниэл Ҷеймс ҳимоятгари “Кристал Пэлас” Аарон Ван-Биссака хоҳад буд. Маҳз дар хусуси гузариши ҳамин футболбоз ба Олд Траффорд сару садоҳои зиёд буда, ба қавли расонаҳои хабарӣ ҷонибҳо  баҳри гузариши Ван-Биссака аллакай ба тавофуқ расидаанд.
Чӣ тавре Goal.com хабар медиҳад, дар ҳамин ҳафта Аарон аз ҳайати футбобозони мунтахаби то 21-солаи Англия баргашта, пеш аз имзои қарордод бо “девҳои сурх”  аз муоинаи тиббӣ мегузарад.
Пештар маълум шуда буд,ки “Манчестер Юнайтед” ва “Кристал Пэлас” дар мавриди гузариши Аарон Ван-Биссака дар ҳаҷми 55 миллион  фунт стерлинг ба тавофуқ расидаанд. Дар мавсими сипаришуда Ван-Биссака дар ҳайати бошгоҳӣ 39 маротиб ба майдон омада,дар ҳисоби хеш чор партофти головар дорад. Аарон даспарвари бошгоҳи “Кристал Пэлас” буда, қарордоди ӯ бо ин бошгоҳ  то тобистони соли 2022 дар назар дошта шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив