LIVE

Дастпарвари “Барса” ба “Ювентус” мегузарад

Нимҳимоятгари тими “Бавария” - Тиаго Алкантара дар равзанаи гузаришҳои тобистона ният дорад, ки ба чемпионати Италия гузарад. Тибқи иттилои Tuttosport дар сурати ба муввофиқа нарасидани тими Турин бо бошгоҳи “МЮ” дар бобати гузариши Пол Погба хавбеки испанӣ ба “Ювентус” мегузарад. Аллакай роҳбарияти “Юве” барои ин трансфер гуфтушунид баргузор намудаанд. Хабар дода мешавад, ки Алкантара Олмонро тарк карданист ва мумкин дар тобистон дастаи нави ӯ “Ювентус” гардад. Шартномаи кунунии футболбоз бо “Бавария” то соли 2021  қувваи қонунӣ дорад. Ин мавсим Тиаго Алкантара дар 19 бозии чемпионати Олмон ширкат варзида, ба задани се гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив