LIVE

Милинкович-Савичро абардастаи дигар хариданӣ аст

“Интер”-и Милан бошад  дар хусуси Милинкович-Савич ба Латсио пешниҳоди харидорӣ намудааст. “Нерадзурриҳо” баҳри ба даст овардани ин бозингар омодаанд,ки 75 миллион евро пардохт намоянд. 15 миллиони аввал барои иҷораи яксолаи футболбоз масраф хоҳад шуда,танҳо пас аз ин фурсат тими миланӣ 60 миллиони боқимондаро   мепардозад.  Бояд қайд намуд,ки пештар “Манчестер Юнайтед” Савичро хоста буд ва ҷонибҳо ҳатто ду маврид гуфтушунид ҳам анҷом доданд,аммо бино ба натиҷаи музокирот “девони сурх” омодаанд дилхоҳ чизро ба ғайр аз футболбозони нағз харидорӣ намоянд. Ҳамин тариқ гузариши Сергей ба ПЛА амалӣ нашуд. Оё мо метавонем ӯро дар тими миланӣ бубинем . Эҳтимолияти зиёд аст. Замоне де Врей аз Латсио ба Интер гузашта буд. Бар замми ин дастаи Антонио Конте пас аз оне,ки дастаро Раҷа Наинголлан тарк намуд, ба бозингари универсалии нағз дар маркази майдон ниёз дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив