LIVE

100 миллион евро барои ҷойгузини Рамос

Тибқи маълумоти Calciomercato “бошгоҳи шоҳона” дар симои футболбози 20 солаи мунтахаби Нидерландия - Маттейс де Лигт ҷойгузини Серхио Рамосро мебинад. Тибқи иттилои расонаҳои аврупоӣ Рамос дар ояндаи наздик ҳайати “Реал Мадрид”- ро тарк мекунад, зеро дар мавриди қарордоди нав ҷонибҳо ба мувофиқа расида натавонистанд. Дар ҳоли ҳозир де Лигт дар ҳайати “Ювентус” ҳунарнамоӣ дорад ва туриниҳо барои фурӯши ҳимоятгари худ шитоб намекунад, аммо «Реал» бар кадом арзише, ки набошад ин бозигарро дар ҳайати худ дидан мехоҳад. Ҳатто ҷониби шаҳри Мадрид омодааст, барои Маттейс 100 миллион евро пардохт кунад. Ёдовар мешавем, ки де Лигт тобистони соли гузашта ба “Ювентус” аз “Аякс” ба маблағи 75 миллион евро гузашта буд. Ба бозингар инчунин дастаи "Барселона" низ таваҷҷӯҳ дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив