LIVE

Расман: Матейс де Лигт футболбози нави “Ювентус”

Ниҳоятан силсилаи гузариши сарвони бошгоҳи “Аякс” - Матейс  де Лигт ба анҷом расид. Ин ситораи 19 солаи ҳолландӣ, ки тӯли се моҳ диққати топ дастаҳоро ба ҷалб намуда буд, ниҳоятан ба бошгоҳи туринии “Ювентус” гузариш кард. Дирӯз дифоъгар барои бастани шартнома озими Турин шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии “Ювентус”. Имрӯз, де Лигт аз муоинаи тиббии бошгоҳи туринӣ гузашта, бо дастааш шартномаи ҳамкории 5 соларо ба имзо мерасонад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки “Ювентус” барои ин ситораи 19 сола ба хазинаи “Аякс” 75 млн евро пардохт мекунад ва музди солонаи ӯро 12 млн евро арзёбӣ мекунад. Матейс  де Лигти 19 сола дастпарвари бошгоҳи “Аякс” мебошад. Дар мавсими гузашта, дифоъгар 55 бозӣ доир намудааст. Ёдовар мешавем, ки дастаҳои “Барселона”, “ПСЖ”, “Ливерпул” ва “Бавария” низ муддаии асосӣ барои ба даст овардани Матейс  де Лигт буданд, аммо худи футболбоз дастаи “Ювентус”-ро интихоб намуд. Сабаби асосии гузариши ӯ ба “Ювентус” ин Криштиану Роналду мебошад, ки дар финали Лигаи миллатҳо байни яккачинҳои Португалия ва Ҳолланд (1:0) ӯро ба “Ювентус” даъват намуда буд. де Лигт бошад, пешниҳоди Роналдуро рад накарда, ба “Ювентус” гузариш кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив