LIVE

Бензема то соли 2023 дар «Реал» бозӣ мекунад

«Реал» хоҳиши тамдиди шарнома бо ҳамлагари фаронсавии худ - Карим Бенземаро дорад. Қарордоди кунунии Бензема бо «Реал» соли  2021 ба аноҷм мерасад. Ҷонибҳо сари масоили тамдиди он ба муҳлати як ё ду соли дигар сари мақсад омадаанд.  Мушкилот дар ин самт дида намешавад, худи ҳамлагар низ дар мавриди тамдиди қарордодаш бо дастаи мадридӣ зид нест. Гуфта мешавад, ки Зинедин Зидан барои тамдиди шартномаи ҳамлагари 32 сола ба роҳбарияти клуб муроҷиат кардааст.  Дар ин мавсим Бензема дар ҳайати  «Реал» 17 бозӣ гузаронида, ба задани  12 гол ва 5 партофти головар даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив