LIVE

Пирло аз пушти Роналду овоз баланд кард

La Gazzetta dello Sport хабар медиҳад, ки сармураббии нави “Ювентус”- Андреа Пирло бо ҳамлагари даста Криштиану Роналду суҳбат кард ва ӯро бовар кунонд, ки бозигари калидӣ барои "Ювентус" боқӣ мемонад.
Тибқи иттилои нашрия, мутахассис футболбози португалиро ваъда додааст, ки вайро дар ҳайати асосӣ нигоҳ медораду ба ӯ умеди калон дорад.  Клуби туринӣ овозаҳо дар мавриди он, ки гуё Роналду ба фурӯш гузошта мешавад, бардуруғ хонадааст. Кӯшиш хоҳад кард, то як форварди марказиро, ки ҳамроҳаш бозӣ кунад, ҷалб менамояд.  
Қаблан хабар дода шуда буд, ки "Ювентус" мехоҳад аз маоши Роналду халос шавад ва онро аллакай ба бисёр клубҳо, аз ҷумла “Барселона” пешниҳод кардааст. 
Роналду соли 2018 ба ҳайати “Ювентус” ҳамроҳ шуд. Маблағи гузариш 117 миллион евро буд. Шартномаи ҳамлагари 35-солаи португалӣ бо «Ювентус» то тобистони соли 2022 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив