LIVE

“Челси”, “Тоттенхэм” ва “Арсенал” - Дибала ба кадом мегузарад?

Ҳамлагари “Ювентус” - Пауло Дибала аз миёни “Челси”,  “Тоттенхэм” ва “Арсенал” якеро барои фаъолияти минбаъдааш интихоб мекунад. Дар ин бора Corrierre dello Sport хабар медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ, ҳамлагари аргентинӣ наметавонад бо “Ювентус” дар бораи тамдиди шартномаи нав созиш кунад. Созишномаи ҷорӣ то тобистони соли 2022 ҳисоб карда мешавад. Клуби туринӣ метавонад Дибаларо тобистони соли 2021 фурӯшад, то ӯ дар ниҳоят ройгон тарки даста накунад. Арзиши футболбоз 60 миллион евроро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ Дибала бо пероҳани  «Ювентус» 244 бозӣ гузаронида, 98 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив