LIVE

«Манчестер Сити» ва Холанд сари мақсад омаданд

Ҳамлагари «Боруссия» Дортмунд - Эрлинг Ҳоланд бо «Манчестер Сити»  барои бастани шартнома ба тафоҳум расиданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, “шаҳриҳо” имкони молӣ доранд, ки бо ҳамлагари норвегӣ қарордод имзо кунанд. Қайд карда мешавад, ки “Манчестер Сити” ва Ҳоланд аллакай дар бораи шартҳои шартномаи шахсӣ ба мувофиқа расидаанд. Дар мавсими ҷорӣ дар чемпионати Олмон Ҳоланд дар 14 бозӣ ширкат карда, 16 гол ва 5 партофти головарро ба қайд гирифтааст. Эрлинг Ҳоланд моҳи январи соли 2020 аз “Залтсбург” ба маблағи 20 миллион евро ба бошгоҳи олмонӣ гузашт. Ба ин футболбоз “Реал” ва “Барселона” низ таваҷҷӯҳ доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив