LIVE

Камбэки навбатии “Боруссия Дортмунд”

Дастаи “Боруссия Дортмунд” дуюмин пирӯзии худро дар мавсими 2019/20-и Бундеслига ба даст овард. Ин навбат шогирдони Люсиен Фавр дар сафар “Кёлн”-ро бо ҳисоби 3-1 ноком намуданд. Сараввал ҳисоби дидорро ниммуҳофизатгари “Кёлн” Доминик Дрекслер дар дақиқаи 29-ум кушод. Меҳмонон дар нимаи аввал ҳисобро баробар карда натавонистанд. Аммо “Боруссия” дар қисмати дуюм боз ҳам қавитар ҳунарнамоӣ карда, се голро ба самар расонид. Аввалан Ҷейдон Санчо дар дақиқаи 70-ум ва баъдан Ашраф Ҳакими ва Пако Алкасер як голӣ зада ҳисобиро 3-1 намуданд. Ин дуюмин камбэки пайдарҳами “Боруссия Дортмунд” дар мавсими ҷадид ба ҳисоб меравад. Дар даври аввал низ занбӯрҳо аввалин шуда ба дарвозаи худ гол сар дода, пас он “Аугсбург”-ро бо ҳисоби 5-1 мағлуб карда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив