Имрӯз, 30-юми апрел бозии аввали даври ниманиҳоии Лигаи чемпионҳо доир мешавад, ки дар доираи он тимҳои «Бавария» ва «Реал»-и Мадрид ба ҳам меоянд. Бозии мазкур дар варзишгоҳи «Алянс-Арена»-и шаҳри Мюнхен баргузор мегардад. Довари марказии ин дидор Клеман Тюрпен аз Фаронса буда, рақобат миёни дастаҳо дар дили шаб, соати 00:00 ба вақти шаҳри Душаанбе оғоз мешавад.
Лигаи чемпионҳо. 1/2 ниҳоӣ. Бозии 1-ум
01-уми майи соли 2024, чоршанбе. 00:00 ДШБ
Бавария (Мюнхен, Олмон) – Реал (Мадрид, Испания)
Бозии мазкурро ба таври мустақим шабакаҳои телевизионии «Футбол» ва «Варзиш» манури бинандагон мегардонанд.
Ёдовар мешавем, ки бори ахир ин дастаҳо моҳи июли соли 2019 дар доираи бозии рафиқонаи Ҷоми байналмилалии қаҳрамонҳо ба ҳам омада, бозӣ бо натиҷаи 3:1 ба нафъи «Бавария» хотима ёфт. Дар Лигаи чемпионҳо бошад олмониҳо бо испаниҳо дар мавсими-2017/2018 бозӣ намуданд. Дар марҳилаи ниманиҳоӣ «Реал» бо ҳисоби 4:3 аз рӯи ҳисоби ду бозӣ пирӯз шуда буд.
