LIVE

Бозии финалӣ миёни “Равшан” ва “Хатлон” кай баргузор мешавад?

Сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 байни бошгоҳҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар 18-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мешавад. Баргузории вохӯрии мазкур соати 14:00 бидуни ҳузури мухлисон баргузор хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки 17 сол пеш дастаҳо дар финали Ҷоми Тоҷикистон ба ҳам вохурда буданд, ки дастаи шаҳри Бохтар бо натиҷаи 3:1 пирӯз шуда буд. Ин вохӯриро шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Футбол” ба таври мустақим манзури бинандагон мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив