LIVE

“Равшан” дар финали Ҷоми Тоҷикистон

Дар бозии аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол дастаи “Равшан” тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро қабул намуд. Ҳарчанд қисми аввали бозӣ бо ҳуҷумҳои пайдарпайи ҳарду ҷониб сурат гирифт, вале ҳисоб кушода нашуд. Дар дақиқаҳои аввали қисми дуюми дидор баъд аз як ҳуҷуми барқосо футболбозони дастаи “Равшан” ба задани гол даст ёфтанд. Ин зарбаи самароварро Абдураҳмон Нозимов анҷом дод. Бо ҳамин натиҷаи 1 бар 0 дастаи “Равшан” ба даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳхат гирифт. Ҳамакнун дар финал шогирдони Ғайраталӣ Мираҳмадов бо ғолиби ҷуфти дастаҳои "Хатлон" ва "Истаравшан" рақобат мекунанд. Бозии дастаҳои "Хатлон" ва "Истаравшан" фардо дар шаҳри Бохтар баргузор мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив