LIVE

Духтарон ба футбол ҷалб мешаванд

Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи занона 10 даста - «Зебонисо» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), «Барқ» (Норак), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) иштирок намуда, миёни ҳам рақобат мекунанд. Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона аз 19 апрели соли ҷорӣ оғоз меёбад, ки дар ду қисм баргузор шуда, ҳар даста дар ин мавсим 18 бозӣ мегузаронад. Баъди натиҷаи қуръакашӣ дар даври аввали чемпионат «Зебонисо» – «Хатлон», «Бешкент» – «Ҳосилот», «Панҷшер» – «Чашма», «Регар-ТадАЗ» – «Зебо» ва «Равшан» – «Барқ» бо ҳам вомехӯранд. Мавриди зикр аст, ки Чемпионати мамлакат байни дастаҳои футболи занона 8 даста вилояти Хатлонро намояндагӣ мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки чемпиони соли сипаригаштаи Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дастаи футболи занонаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив