LIVE

Натиҷаи қуръакашии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон

Имрӯз дар қароргоҳи ФФТ бо иштироки  намояндагони  дастаҳои футболи Лигаи олӣ ва  Лигаи 1-ум маросими қуръакашии даври 1/8 ниҳоии мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон -2020 баргузор гардид. Дар ин марҳила 6 даста аз Лигаи 1-ум ва 10 даста аз мусобиқоти олии футболи кишвар  ҳунарнамоӣ мекунанд. Тибқи  қарори  қабулгардида ҳар як  давр аз 1 бозигӣ иборат  мебошад.   Баргузории вохӯриҳо аз 1-ум то 3-юми август дар назар аст.
натиҷаи қуръакашӣ
«Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)
«Истиқлол»
(Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон)
«Барқчӣ»
(Ҳисор) – «Локомотив-Помир» (Душанбе)
«Душанбе-83»
(Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
«Равшан»
(Зафаробод) – «Эсхата» (Хуҷанд)
«Файзканд»
(Восеъ) – «Хатлон» (Бохтар)
«Истаравшан»
(Истаравшан) – КМВА (Душанбе)
«Хуҷанд»
(Хуҷанд) – «Куктош» (Рӯдакӣ)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив