LIVE

Талоши 10 тими духтарона барои қаҳрамонӣ

Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии Лигаи миллии бонувони Тоҷикистон баргузор шуд. Чун соли қаблӣ барои медалҳо 10 бошгоҳ мубориза мебаранд.
Дар Чемпионати мазкур, ки 19-уми апрел оғоз мешавад, дастаҳои «Зебонисо» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), «Барқ» (Норак), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) мубориза мебаранд.
Чемпионати кишвар дар ду марҳила баргузор шуда, дастаҳо дар хонаашон ва меҳмонӣ рақобат мекунанд. Ҳамаи дастаҳо 18 бозии анҷом медиҳанд.
Чемпионати Тоҷикистон-2020 миёни бонувон
Даври 1-ум
19 апрел (якшанбе)
«Зебонисо» – «Хатлон»
«Бешкент» – «Хосилот»
«Панҷшер» – «Чашма»
«Регар-ТадАЗ» – «Зебо»
«Равшан» – «Барқ»
 
Даври 2-юм
26 апрел (якшанбе)
«Хатлон» – «Барқ»
«Зебо» – «Равшан»
«Чашма» – «Регар-ТадАЗ»
«Ҳосилот» – «Панҷшер»
«Зебонисо» – «Бешкент»

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив