LIVE

Омодагии дастаҳои футболи минтақаи Кӯлоб ба даври навбатии Лигаи якум

Даври 11-уми Чемпионтаи Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум рӯзи 13-ум баргузор мегардад. Марҳилаи аввали чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лагаи якум дар мамлакат ба нуқтаи ниҳоии худ мерасад. Дар ин чемпионат аз шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб дастаи “Равшан” ва ду тим аз ноҳияи Восеъ – “Ҳулбук” ва “Файзканд” ширкат варзида, дар садри ҷадвали мусобиқот қарор доранд. Ёдовар мешавем, ки дар даври гузшта бо иштироки дастаҳои “Ҳулбук” ва “Файзканд” дар варзишгоҳи Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ дидори ҳарду ин дастаҳо баргузор гардид, ки дар натиҷа дастаи “Файзканд” ба ғолибият сазовор гардид. Голи ягонаи ин дастаро футболбози ҷавони “Файзкан” - Ҳувайдои Гулмурод ба самар расонид. Баъди ин ғолибият дастаи “Файзканд” тавонист, ки мавқеи худро дар ҷадвали мусобиқот боз ҳам устувор гардонида бо касби 24 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқот гардад. Дар бозии дигари ин давр тими “Равшан” мебоист бо дастаи “Дӯсти”-и ноҳияи Ҷайҳун майдондорӣ мекарданд. Вале бо иллати ҳозир нашудани дастаи меҳмон бозии мазкур баргузор нагардид. Ҳоло он ки дар варзишгоҳ мухлисони зиёд барои тамошои ин дидор ба ҳам омада буданд. Ҳамин тариқ дастаи “Равшан” соҳиби се имтиёз гардид дар мавқеи 4-ум қарор гирифт. Дар даври 11-уми Чемпионати имсола дастаи “Равшан” дар сафар бо дастаи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд майдондорӣ мекунанд. Бошгоҳи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ бошад, бо дастаи “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт дидор анҷом медиҳанд. Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ бошад, бошгоҳи “Ҳулбук” дастаи “Парвоз”-и Фурудгоҳи шаҳри Хуҷандро қабул менамоянд. Ёдовар мешавем, ки ҳамаи бозиҳои даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум фардо 13-уми июл соати 17:30 оғоз мегарданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив