LIVE

Иштирокчиёни даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуданд

Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол ҷамъбаст ва иштирокчиёни даври ҳаштякфинал муайян гардиданд. Дар натиҷаи марҳилаи муқаддамотӣ ба даври навбатии Ҷоми Тоҷикистон 8 дастаи лигаи аввал роҳхат гирифтанд - «Барқчӣ», «Ҳулбук», «Душанбе-83», «Эсхата», «Дӯстӣ», «Саройкамар», «Исфара» ва «Ваҳдат». Дар даври 1/8-финали Ҷоми мамлакат, инчунин ҳашт дастаи лигаи олӣ ҳамроҳ мешаванд – «Истиқлол», «Хуҷанд», «Куктош», «Регар-ТадАЗ», «Хатлон», КМВА «Помир», «Панҷшер» ва «Истаравшан».  Ёдрас менамоем, ки барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе мебошад, ки соли гузашта дар финал бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Қуръакашии даври 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон дертар баргузор мешавад.

Ҷоми Тоҷикистон-2019 
Марҳилаи интихобӣ. Бозиҳои ҷавобӣ 
«Шоҳмансур» (Душанбе) – «Барқчӣ» (Ҳисор) – 0:6 
Бозии аввал – 1:4 

«Файзканд» (Восеъ) – «Ҳулбук» (Восеъ) – 0:0 
Бозии аввал – 2:3 

«Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 1:2 
Бозии аввал – 1:0 

«Дӯстӣ» (Ҷайҳун) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:1 
Бозии аввал – 3:1 

«Моҳир» (Ёвон) – «Саройкамар» (Панҷ) – 1:3
Бозии аввал – 2:5 

«Равшан» (Зафаробод) – «Исфара» (Исфара) – 0:0 
Бозии аввал – 0:2 
«Локомотив-Помир» (Душанбе) – «Ваҳдат» (Ваҳдат) – 0:1 
Бозии аввал – 0:0

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив