Бозиҳои даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба поён расиданд. Дар рақобати марказии давр бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони худ тими “Хуҷанд”-ро бо таносуби як гол шикаст дод. Вохӯрии тимҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар доираи бозиҳои даври 8-уми Чемпионати малакат дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Ҳисобро дар дақиқаи 19-ум легионери дастаи “Хуҷанд” Турсуналӣ Рустамов боз намуд. Аммо қабл аз танаффус Шериддин Бобоев голи ҷавобӣ зада, таносубро барқарор сохт. Зоир Ҷурабоев дар дақиқаи 68-ум бори дигар дарвозаи меҳмононро рахна сохта, пирӯзии дастаи “Истиқлол”-ро дар ин вохӯрӣ таъмин намуд. Ҳамакнун баъди ин ғалаба шогирдони Ҳаким Фузайлов мавқеи худро дар садри ҷадвал устувор намуданд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 8-ум
«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 2:1
Голҳо: Турсуналӣ Рустамов, 19 (0:1). Шериддин Бобоев, 45 (1:1). Зоир Ҷурабоев, 68 (2:1).
«Регар-ТадАЗ» – КМВА «Помир» – 1:1
Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 12 (0:1). Ҳасан Рустамов, 38 (1:1).
«Кӯктош» – «Истаравшан» – 3:1
Голҳо: Отабек Каримов, 9 (0:1). Ахтам Холбоев, 18 (1:1). Мисиам Иносент, 38 (2:1). Муҳиддин Одилов, 71 (3:1).
«Панҷшер» – «Хатлон» – 1:3
Голҳо: Парвиз Ахунов, 34 (0:1). Парвиз Ахунов, 48 (0:2). Алишер Баротов, 59 – (худгол) (1:2). Нуриддин Хамрокулов, 85 (1:3).