LIVE

Даври ҳаштуми Лигаи олӣ оғоз мешавад

25 — 26 майи соли равон даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ   баргузор мегардад. Дар ин давр дастаҳои футболи «Панҷшер» бо «Хатлон», «Кӯктош» бо «Истаравшан», «Истиқлол» бо «Хуҷанд» ва   «Регар-ТадАЗ» бо КМВА «Помир» байни ҳам бозӣ менамоянд. Бояд зикр кард, ки дар бозиҳои даври ҳафтум дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд байни ҳам рақобат карданд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ширкати соҳибони майдон –«Хуҷанд» ва « Истиқлол» сурат гирифт. Бозии мазкур бо пирӯзии дастаи футболи «Истиқлол» анҷом ёфт. Футболбозони пойтахт бо натиҷаи 3:0 ғалаба карда, бо касби 19 имтиёз дар рӯйхат дар ҷойи аввал қарор доранд. Тӯбҳоро дар ин вохӯрӣ Асилҷон Бегимқулов (1:0, 32 дақиқа, худгол), Эҳсони Панҷшанбе ( 2:0, 75) ва Аҳтам Назаров (3:0, 79) ба нишон расониданд. Ҳамзамон дастаи футболи «Хатлон» дар майдонаш бо тими «Панҷшер» қувва озмуда, бо ҳисбои 2:1 пирӯз гардид. Ҳусейн Нурматов   ва Нуриддин Ҳамроқулов   аз дастаи «Хатлон» ва Саидҷон Шарифов   аз «Панҷшер» тӯбҳоро ба номи худ сабт намуданд. Дар даври ҳафтум бозии дастаҳои «Истаравшан» ва «Кӯктош» бо натиҷаи мусовӣ (0:0) анҷом ёфт. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бошад дар сафар тими КМВА «Помир»-ро   бо ҳисоби 2:3 мағлуб намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив